ЛАБОРАТОРИЯИ КОРКАРДИ КОМПЛЕКСИИ

АШЪЁ ВА ПАРТОВЊО

Омўзиши химияи гидридњо дар Институти химия аз солњои 70-ўми асри 20 ављ гирифт. Ин самти хеле мураккаб мебошад ва дар ин замон на чандон хуб, чуноне ки дар даврони Иттињоди Шўравї буд, ривољ ёфта истодааст. Дар солњои охир дар самти зикргашта асосан дар равишњои хусусиятњои энергетикї ва термодинамикии моддањо корњо анљом дода шуда истодаанд.


ЎЛМАС МИРСАИДОВИЧ МИРСАИДОВ

Машваратчии илмии лабораторияи коркарди комплексии ашъёњо ва партовњо   ва лабораторияи ѓанигардонии маъдан, роњбари мавзўи «Асосњои физикавї-химиявї ва технологии коркарди ашъёњои минералї ва партовњои саноатї», академики АИ ЉТ, доктори илми химия, профессор, лауреати Љоизаи  давлатии ЉТ дар соњаи илм ва техникаи ба номи А.И. Сино (2009), лауреати  Љоизаи Ташкилоти байналмилалии маданият, илм ва маорифи  исломї (ИСЕСКО), дорандаи ордени «Дўстї» (1999).

Тањќиќоти бунъёдї дар соњаи моддањои зиёдэнергия анљом дода шудааст, ќонуниятњои асосї кашф карда шудаанд, хусусиятњои таъсири гидроген бо металлњои сабук муайян карда шудаанд (дар лабораторияи «Моддањои зиёдэнергия», мудир Ў.М. Мирсаидов).

Аввалин маротиба  тањќиќоти системавии мувозинати фазавї дар системањои секаратаи «борогидриди металлњои нагузаранда - борогидриди элементњои  гузаранда - мањлул»  анљом дода шудааст. Дар асоси ин тањќиќот усули синтези индивидуалии  борогидридњои металлњои нодир (МН), ки ба истифодабарии моддаи бештар дастрас ва арзони борогидриди натрий асос ёфтааст ва ба ќадри кифоя умумї аст,  пешнињод карда шудааст.  Дар асоси усули пешнињодшуда аввалин маротиба тамоми ќатори борогидридњои МН, комплексњои онњо бо борогидридњои металлњои ишќорї ва тетраалкиламмония њосил карда шудаанд. Эътимоднокии натиљањои ба даст овардашуда  бо гузаронидани тањќиќотњои муфассали хосиятњои физикавї ва химиявии пайвастагињои њосилкардашуда тасдиќ карда шудааст.

Тањлили физикавї-химиявии як ќатор системањо дар асоси пайвастагињои алюминий  имкон дод ки мављудияти комплексњои мураккаби гидридњои дукарата исбот карда шаванд, тарзи осони синтези гепта-, гекса- ва тетрагидроалюминатњои  металлњои ишќорї ва  ишќорзаминї, ки пештар маълум набуданд амалї карда шаванд.

Дар асоси тањќиќоти систематикии бањамтаъсири алюминогидридњо бо  реагентњои электрофилии ќувваи аксепториашон гуногун (реагентњои хлордор, галогенидњои арилї (алкилї), боро- ва алюминигидридњои литий ва ѓ.), усулњои пурмањсули синтези гидриди алюминий - компоненти сузишвории сахт барои мушакњо (ракетањо)  пешнињод шудаанд.

Профессор Пулатов М.С. усули њосил намудани гидриди алюминийро бо воситаи хлориди бензил пешнињод намуд, ки дар соли 1978 аз омўзиш ба истењсолот гузашта буд.

Профессор Гатина Р.Ф. усули якзинагии истењсоли AlH3 пешнињод карда буд, ки самаранокии иќтисодии он ба 6 миллион сўм баробар буд.

Доктори илмњои химия Ќурбонбеков А. борогидридњои лантаноидњои тозаро бори аввал њосил карда буд.

Дар Институт  механизми реаксияи химиявї бо иштироки атомњои гидроген  дар солњои миёнаи дањаи 80-и асри 20  бо роњбарии узви вобастаи АИ ЉТ Норматов И.Ш. ба омўзиш ќарор гирифта буд. Кормандони мо сањми атоми гидрогенро дар њосилшавии пардањои (пленкањои) пленкањои тунуки гидриддорро нишон доданд, хосият ва сохтори электрикї ва магнитии пардањои тунуки 3d- металлњоро омўхтанд. Бо усули  плазмохимиявї як ќатор мањсулотњои пурарзишро ба даст оварданд.

Бояд корњоро оид ба ассимилятсияи гидриди алюминий дар гузаронидани реаксияњои химиявии сахтфазагї (твердофазный) ќайд кард. Ассимилятсияи AlH3  дар њосилкунии хокањои магнитии никел ва сањми гидриди алюминий  њамчун ташаббускори раванд нишон дода шудаанд.


Cарходими илмї, доктори илми химия А. Ќурбонбеков.

Директори њамонваќтаи Институти химияи ба номи В.И. Никитин академик И.У. Нўъмонов ба муовини директор Ў.М. Мирсаидов вазифаи ташкили лаборатория ва љалб намудани мутахассисони мувофиќро   супорид. Мудири лаборатория н.и. х. Њ.С. Сафиев (њоло аъзои вобастаи АИ ЉТ, директори Институти металлургия) интихоб шуд. Дар айни замон  ба лабораторияи «Коркарди комплексии ашъё ва партовњо», ки дар асоси лабораторияњои «Моддањои дорои нерўи баланд (энергоемкий)» ва «Химия ва технологияи  ашъё ва партовњо» ташкил шудааст, н.и.т. Э.Д. Мамадов сарварї менамояд.


Аз рост ба чап: мудири лаборатория Э.Д. Мамадов, сарходими илмї, д.и.х. А. Ќурбонбеков, ходими илмї П.М. Ятимов, ходими хурди илмї Д. Худоёров, ходими хурди илмї А.С. Ќурбонов.

Дар замони муосир истифодабарии комплексии маводњои минералї ва партовњои саноатї бо муаммои ташкили технологияи саноати бепартов, кампартов ва тозаи экологї, ки дар корхонањои соњањои саноати химиявї, кўњї-химиявї, металлургї љойи махсусро ишѓол менамояд, вобаста мебошад.

Яке аз њадафњои асосии лаборатория коркарди технологияи њосилкунии глинозем барои заводи адюминийи Тољикистон аз ашъёњои мањаллї  мебошад.

Дар лаборатория масъалаи коркарди комплексии маъдани алюминї- сиенитњои нефеленї, гилњои каолинї, тсеолитњо, бентонитњо, сиалитњо бо тарзи кислотавї ва хлорї дида баромада шудаанд. Ањамияти ин намуди ашъёњо бо сабаби кам гаштани захирањои ашъёњои анъанавї-бокситњои босифат афзунтар шуда истодаанд.  Пеш аз њама набудани усулњои самараноки коркарди маъданњои алюминосиликатии зикргашта ба истифодабарии васейи онњо монеъа шуда истодаанд. Барои намудњои ашъё, ки нисбат бар боксидњои босифат ба миќдори зиёди кремнезем ва камтари глинозем соњиб њастанд, тарзи кислотавї бењтар мебошад, чунки ин тарз дар зинаи аввали раванди технологї ба људокунии селективии кремнезем имкон медињал ва бо њамин сели материалиро якбора кам мешавад.   Вале, дар тарзи кислотавии коркард  душворињои калон- људокунї ва шустани шламњои кремнеземї; тозакунии мањлули алюминии оњан; њосилкунии глиноземи таркибаш муайяни барои электролиз мутобиќбуда; регенератсияи кислота ва  истифодаи дастгоњњои ба кислота тобовар пайдо мешаванд. Аз ин лињоз диќќати тањќиќотчиён  дар тамоми дунъё барои бартараф намудани ин муаммоњо равона гаштаанд.

Тањќиќотњои дар лаборатория доир ба таљзияи хлорї ва кислотавии маъданњои алюмосиликатї  ва таъсири байнињамдигарии минералњои асосии дар таркиби маъданбуда бо хлор, кислотањои сулфур ва HCl гузаронидашуда имкон доданд, ки шартњои бењтарини таљзияи ашъёњо бо дастрас намудани нишондодњои баланди људокардагирии ќисматњои фоиданок ва дар як ваќт бо гузариши камтарини кремнезем ба мањсулот ёфта шаванд.

Тарњњои технологияи принсипиалии коркарди сиенитњои нефеленї, каолинњо, тсеолитњо, бо тарзњои хлорї ва кислотавї пешнињод карда шудаанд. Муќаррар карда шудааст, ки гилњо ва сиалитњои дар таркиби конњои Тољикистон ба миќдори зиёд мављудбуда,  ашъёи хеле гаронбањои ибтидої барои  гирифтани  глинозем, коагулянтњо ва каолинњо дар саноати сафолию чинї мебошанд.

Самти дигари фаъолияти лаборатория коркарди комплексии партовњои саноатї мебошад.  Аз љониби кормандони лаборатория  шароитњои њосилкунии мањсулотњо аз партовњои ТадАЗ даръёфт карда шудаанд. Технологияи њосилкунии консентрати криолитглиноземњо аз партовњои истењсоли алюминийї коркард ва ба истењсолот татбиќ карда шудааст.

Кормандони лаборатория зиёда аз 300 маќолањои илмї ва 5 монография чоп карда 15 рисолањои номзадї ва 5 рисолањои докторї дифоъ намудаанд.

 

Дар соњаи моддањои зиёдэнергия зиёда аз 400 маќолањои илмї ва 10 монография чоп шуда, 30 рисолањои номзадї ва 7 рисолаи докторї дифоъ шуданд.