Таърихи мухтасари Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АИ ҶТ ва комёбиҳои он

Институти кимиё 1 сентябри соли 1946 таъсис ёфта, ҳисобида ме-шавад. Вай дар базаи озмоишгоҳи аналитикии ш. Ленинобод ва озмо-ишгоҳи кимиёвии ш. Сталинобод (ш.Душанбе) таъсис ёфта ва расман он 26 июли соли 1950 дар таркиби се озмоишгоҳ, чун Институт ба тасвиб расидааст. Яке аз созмондиҳанда ва директори доимии Институт дар муддати 25 сол доктори илми химия ,академик АИ Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи Илми Тоҷикистон, професор В.И Никитин, шогирди олими барҷастаи рус А.Е. Фаворский мебошад, ки соли 1977 Институти химияро ба номи ў гузошта шуд.

Дар он давра самти асосии фаъолияти Институт омўзиш ва азхудкунии захираҳои таббии Тоҷикистон буд. Аз рўзи аввали таъсисёбӣ Институти кимиё самти густурдаи таҳқиқи бунёдӣ ва амалиро пеш гирифт. Бинобар ин, махсусан аз лаҳзаи ташкили Институти Кимиё дар таркиби он озмоишгоҳи синтези органикӣ, озмоишгоҳи химияи нафт ва ангишт ва инчунин озмоишгоҳи аналитикӣ (таҳлилӣ) амал мекунанд.

Барои таъмини таҳлили корҳои илмӣ- пажуҳишӣ, ҳанўз соли 1946 озмоишгоҳи аналитикӣ ташкил карда шуд, ки дар он корҳо оид ба омўзиши конҳои намаки Хоҷа-Мўъмин ва Хоҷа-Сартез анҷом дода мешуданд. Дар ин давра корҳо оид ба омўзиши биогеохимияи йод ва фтор шурўъ шуда буд. Дар соли 1964 озмоишгоҳ ба озмоишгоҳи геохимия ва химияи аналитикӣ табдили ном кард, ки он то кунун дар сохтори Институти кимиё вуҷуд дорад ( мудир- Д,Н, Почоҷонов, ҳоло Академики АИ ҶТ).

Таҳқиқоти илмӣ оид ба химияи ғайриорганикӣ таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ Иван Алексеевич Глухов бо ҳалли яке аз проблемаи химия филизоти нодир ва парешхуранда (рассеянных), муайянсозии механизми реаксияи хлоркунонӣ ва омўзиши табиати кимиёӣ ва хосияти ниҳоӣ ва фосилавии маҳсулоти реаксияҳои мазкур шурўъ шуда буд.

Инкишофи саноати маъдани куҳӣ дар соҳаи ғанисозии канданиҳои фоиданок, гузаронидани корҳои таҳқиқотиро тақозо мекард. Таҳқиқот дар ин самт дар ахири солҳои 50-ум таҳти роҳбарии И.А.Глухов оғоз гардид ва дар соли 1958 ин корро академик АИ ҶТ Пётр Михайлович Соложекин роҳбари намуд ва дар соли 1962 дар Институти химия озмоишгоҳи ғанисозӣ ташкил карда шуд.

Барои омўзиши раванди тасфияи физикӣ- кимиёвӣ кормандони озмоишгоҳ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ яке аз аввалин шуда дар таҳқиқоти худ усули радиотайфбинии магнити (магнитной радиоспек-троскопи)- ро ҷорӣ намуд. Нахустин бор реактиви спин-нишонадор( спин-меченые реагенты) шабеҳи реагентҳои тасфиявӣ барои омўзиши механизми таъсири мутақобилаи онҳо бо сатҳи маъданҳо пешниҳод гардид. Озмоишгоҳи мазкур тоҳол дар сохтори Институт вуҷуд дорад ва онро доктори илмҳои техникӣ З.А. Зинченки роҳбарӣ менамояд.

Дар Институти кимиё таҳқиқоти густурдаи захираҳои маҳаллии ашёи хоми карбондор ба мақсади ҷустуҷўи роҳҳои имконпазири аз нав коркарди кимиёвии он ва истифодабарӣ дар иқтисодиёт бурда мешуд.

Яке аз аввалин озмоишгоҳи дар соли 1946 ташкил намуда, озмо-ишгоҳи химияи нафт ва ангишт буд, ки баъдан ба озмоишгоҳи химияи нафт ва химияи ангишт ҷудо карда шуд. Дар соли 1955 нахустин озмоишгоҳро Эшонқул Усмонович Нуъмонов роҳбарӣ карда, баъдан академик АИ ҶТ 17 сол директори Институти кимиёро бар уҳда дошт. Ҳадафи муҳимтарини фаъолияти илмии озмоишгоҳи мазкур омўзиши амиқ ва ҳаматарафаи нафти сулфитдори Тоҷикистон мебошад. Э. У. Нуъмонов дар ин самти илми кимиё аввалин кашшоф буд.

Дар озмоишгоҳи химияи ангишт (мудир З.А.Румянцев) ба таври озмоишӣ маводи фарох оид ба оксидшавӣ ва омўзиши маҳсулоти оксидшавии ангишти бўр ва сангӣ гирифта ва ҷамъбаст гардид ва доираи зиёди корҳо оид ба омўзиши кимиёвӣ ва кимиё - технологии конҳои ангишти Тоҷикистон анҷом дода шуд Маълум гардид, ки ангиштсанги калонтарин дар Осиёи Марказӣ кони Фон- Яғноб буда, ашёи хом барои ҳосилкунии кокси баландсифати металлургӣ ба шумор меравад.

Аз лаҳзаи ташкили Институти кимиёи АИ ҶТ дар таркиби он озмоишгоҳи синтези органикӣ амал мекунад, ки ном ва пажуҳиши анъанавии он то кунун бетағйир мондааст Ҳоло озмоишгоҳи мазкурро доктори илми кимиё, профессор М.Д. Исобоев роҳбарӣ менамояд.

Бояд қайд кард, ки дар ҳамкории зич бо озмоишгоҳи синтези органикӣ озмоишгоҳи формакологӣ фаъолияти илмии худро мегузаронад, ки он бо ташаббуси В.И. Никитин соли 1968 ташкил ёфта буд, ки онро то соли 2014 академик АИ ҶТ К.Х. Ҳайдаров роҳбарӣ кардааст. Аз давраи ташкили озмоишгоҳ беш аз 3000 пайвастагиҳои бавуҷудомадаи набототӣ, маҳсулоти қатори синтези оксигендори маҳсули асетилинӣ, карбоматҳо, пайвастагиҳои алифатӣ ва хушбўии сулфурдор, алкалоидҳои тағйирёфтаи берберин, папаверин, салсолидин, эфедрин, ситизин, кабудин ва ғ. таҳқиқотҳо гузаронидааст. Дар асоси таҳқиқотҳои то клиникии гузаронидашуда, дорувориҳои « Карботин», равғани ангат, мумиё, берберин, фитосуман ва балзами « Сино» дар саноати тиб ҷорӣ карда шудааст. Таъсири равғани ангат дар раванди таҷдид ва табобати за-хмёбии меъда омўхта шудааст.

Дар соли 1960 дар Институти химия таҳти роҳбарии академики АИ ҶТ К.Т. Порошин дар соҳаи химияи сафеда ва пептидҳо: синтез ди-,три- ва тетрапептидҳои аминотрушиҳо ((глицин, аланин, лизин, аргинин, пролин, оксипролин ва ғ.) таҳқиқот шурўъ гардид. Дар пай-дарҳамии гуногун ва поликонденситсияи охирини он имкон дод, ки якқатор полипептидҳои баландмолекуляри сохташон мураттаб - мо-делҳои синтетикии порчаҳои булўрии баъзе сафедаҳои табиат – фиброинаи абрешим, коллагена, лизиноми ғанӣ ва фраксияи аргинини гистонҳо ва протаминҳо ҳосил карда шавад.

Соли 1980 Институт дар рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ба-ланд бардоштани самарабахшӣ ва ихтисори муҳлати татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амалия ба муваффақиятҳои арзанда ноил гардид. Ҳамин тавр, дар соли 1981 озмоишгоҳҳои Институт аз рўи 23 мавзўъ ихтироот гузарониданд, ки 8 мавзўи он оид ба ҳалли проблемаи илмӣ- техникии умумииттифоқӣ ва мавзўи махсусро фаро мегирифт.

Бо ибтикор ва роҳбари илмии олимони Институти кимиё дар давраи солҳои 70-90-уми асри гузашта се озмоишгоҳи озмоишӣ- ис-теҳсолӣ роҷеъ ба тавлиди партияи таҷрибавии мавод барои техникаи ҷадид, завод оид ба тавлиди алюмини софтозаи « Кондара», коргоҳи таҷрибавӣ- саноатӣ оид ба тавлиди моддаи пектинӣ дар назди ИСИА « Шаҳринав», КИИ « Медполимер», « Заводи таҷрибавии Институти химия оид ба тавлиди намаки тиббӣ», «Падида», оид ба тавлиди дурдабанд(коагулянт) барои обтозакунӣ сохта шуд. Баъдтар дар базаи Институти химия сохтори воҳиди нав дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин Институти проблемаи об, гидроэнергетика ва экология ва агенти оид ба бехатарии ядроӣ ва нурзо(радиационный) мебошад.

Олимони Институт дар рушди ҷанбаҳои бунёдии соҳаҳои гуногуни илми кимиё саҳми арзанда гузоштанд. Ба ҷуз таҳқиқоти фавқуззикр, дар бораи ихтирооти усули нави ҷудосозӣ ва тозакунии фторидҳои ишқордор ва аносири ишқоризаминиро бояд қайд кард (мудири озмоишгоҳи кимиёи фторидҳо профессор Д.Д Икромӣ), ки дар намуди монокристал хосияти баланди оптикиро доро мебошад.

Такмили минбаъдаи назария ва амалияи гудозиши зоннавӣ гуза-ронида шуд, ки он бо ҳосилкунии фавқуссофи филизот, хўлаҳо дар асоси алюминӣ, бария, стронсий ва дигар филизот овард (А.В. Ваҳо-бов, И.Н. Ғаниев, Ф.У. Обидов). Равандҳои нави технологии ғанисозии канданиҳои фоиданок коркард гардид, ки ба эҷоди тарзи тасфияи маъдани симобу сурма овард, ки дорои аҳамияти саноатӣ мебошад. (П.М. Соложенкин, З.А. Зинченко, Г.Ю. Пулатов, З.Р. Баратов). Таҳқиқотҳои зиёде оид ба мавзўи махсус бахшида ба синтез ва омўзиши хосияти кимиёвӣ-физикии гидридҳои ғайриорганикӣ анҷом дода шудааст (У. Мирсаидов, М.С. Пулатов, Р.Ф. Гатин).

Озмоишгоҳи маводи зангназананда (мудири озмоишгоҳ академик АИ ҶТ Ғаниев И.Н.) дар Ҷумҳури ташкилоти асосӣ дар соҳаи ҳифзи филизот аз зангзанӣ гардид, аммо озмоишгоҳи кимиёи полимерҳои тиббӣ- биологӣ (мудири озмоишгоҳ академик АИ ҶТ Холиқов Д.Х.) ташкилоти пешсаф оид ба иҷрои барномаи комплексии ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Дар доираи иҷрои барномаи мазкур дар соҳаи эҷоди полимерҳои таъйиноти тиббӣ дошта дар асоси мономерҳои этинилпиперидола ва моддаи пектинӣ саҳмаи арзанда гузошта шудааст.

Дар озмоишгоҳи нахбавуҷудорандаи полимерҳо таҳқиқоти васеъи қонунияти деструксияи гармотрушӣ ва устувории атсетатҳои селлюлозӣ ва полиамидҳо ва ҳамчунин оид ба истифодаи рангкунанда барои навъи полиерҳои нахҳосилкунанда ва тарзи ҳосилкунии селлюлозаи микробулўрӣ гузаронида шуд (И.Я. Калонтаров, Ф.Ф. Ниёзӣ, К.М. Маҳкамов). Қисмати ҷудонопазири корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ дар Институти кимиё ба дараҷаи боз ҳам густурдатар корҳои ихтироъкорӣ ва патентӣ –летсензионӣ қарор мегирад. Дар ахири солҳои 70-80-уми асри гузашта Институт кимиё ҳамасола беш аз 40 шаҳодатномаи муаллифӣ дарёфт намуд, ки як қатори он дар Англия, ИМА, Шветсария, Франсия ва дигар кишварҳо патент карда шудааст. Аксарияти ихтирооти Институт ба тасвиб расида, дар истеҳсолот ҳам дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ҳам дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ҷорӣ карда шудааст.

Аз ҷумла, тавлиди сўзишвории сахти мушакӣ дар базаи ИИ « Навоиазот» ва тарзҳои истифодаи партовҳо дар заводи алюминияи тоҷик ба роҳ монда шуд. Тарзи ҳосилкунии фторидҳои бария ва лития ва инчунин керамикаи оптикӣ дар Институти оптикии ба номи С, И. Вавилов ва заводи «Красный химик» (Ленинград) истифода карда шуд, аммо реагент КТАДАФ дар комбинати кимиёвии Шостаков истеҳсол мегардид ва дар заводи заргарии Душанбе, заводи агрегатии Чебоксар ва заводи мошинсозии вазнини Жданов истифода карда мешуд. Ихтирооти академик П.М. Соложенкин ва кормандони он оид ба тасфияи маъдан дар заводҳои Комбинати металургии Алмалик, комбинати сурбу руҳӣ Адрасман ва хўлаҳои алюминий дар Новокузнец, заводи гидрометаллургии Исфара ва инчунин дар иттиҳодияи истеҳсолии «Вектор» -и Урал, иттиҳодияи истеҳсолии « УралОМО», заводи турбомотори (ш. Екатеринбург), Иттиҳодияи истеҳсолии «Электромашин» (г Члябинск) мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Яке аз комёбиҳои муҳимтарини Институти кимиё дар амалияи тиббӣ истифодабарии дорувории зиддиэпилептикии «Карботин» ва гемосорбенти « ИХАНТ» метавон ҳисобид.

Синтез кардани пептидҳои хурдмолекулӣ зоҳиркунандаи таъсири иммунноомилӣ: бо усули инверсионӣ-волт-амперии муайянкунии симоб дар обҳои табиӣ ихтироъ гардид ва ҳамзамон шароити беҳтарини муайянкунии микроғаноиши мис, сурб, висмут, кадмия ва руҳ дар электроди симобдори қабати нуқрагин дар фториди барияи бо гуногунияти софӣ бо усули инверсионнии волтамперметрӣ муқаррар карда шуд.

Барои дар соҳаи илм ба муваффақиятҳо ноилшавӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ кормандони Институт П.М. Соложенкин, Н.И. Копиця, В.С. Пупков ба мукофоти Шўрои Вазирони Иттиҳоди Шўравӣ ва А.В. Ваҳобов, Ф.У Обидов, Г.А. Козаренко, Д.Х. Халиқов, З.Б. Шарифова и З.К. Мухиддинов ва Ғаниев И.Н. – ба мукофоти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техникаи ба номи Абуали ибни Сино сазовор гардиданд. Барои фаъолияти бомуваффақияти ихтироъкорӣ И.Я. Калонтаров, К.Х. Ҳайдаров, И.Н. Ғаниев, З.А. Зинченко и К.М. Маҳкамов ба унвони ифтихории « Ихтироъкорӣ хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф шуданд.

Ҳоло дар Институти химия ҳашт озмоишгоҳи пешбарандаи корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ оид ба масоили химияи органикӣ, ғайриорга-никӣ, физикӣ ва аналитикӣ ва инчунин химияи пайвастагиҳои ба-ландмолекулӣ амал мекунад.

Институт барои Ҷумҳурӣ аз рўи самтҳои афзалиятноки зерин таҳқиқотҳо мебарад: коркарди маводи зангназананда барои эҳтиёҷоти маҷмаи мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон; маҷмўи азнавкоркарди захираҳои маъданӣ ва партовҳои саноатӣ; ҳосилкунии биополимерҳо аз партовҳои саноатӣ ва маҷмаи онҳо барои сохтани маводи нав барои саноати хўрокворӣ ва тиб; геохимияи раванди таҳнишонӣ, истифодабарии усулҳои атомӣ- эмиссиягӣ, электрокимиёвӣ ва ғайра барои таҳлили маводи табиӣ ва техникӣ; коркарди илман асосноки технологияи амиқи азнавкоркарди ангишти таҳшини тоҷикистон ва синтези маҳсулоти фоиданоки органикӣ.

Ба натиҷаҳои муҳимтарини илмии дар Институти кимиё дар даҳсолаи ахир ба дастоварда марбутанд: Ихтироъи нави хўлаҳои алюминияи нави зангназананда барои эҳтиёҷоти маҷмаи мошинсозии ҷумҳурӣ ихтироъ карда шуд. Хўлаи рўҳ- алюминияи (Zn5Al, Zn55Al, Zn+0.5%Al) филизоти нодири заминӣ ва ишқорӣ, чун иловагии тағйирдиҳанда ба сифати пўшиши анодӣ ва протектор барои муҳофизати иншооти пўлодӣ ва маснуот аз зангзанӣ таъйин гардидааст.

Ин ихтироот бо патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя гардидааст (TJ199, TJ276, TJ309, TJ310, TJ 312, TJ317-319, TJ342, TJ 451, TJ 465, TJ510, TJ602 ва TJ 604 дигарон Ғаниев И.Н., Эшов Б.Б., Обидов .Р., ва ғ.).

Технологияи ҳосилкунии хўлаҳои гудохтаи алюминияи бисёртаркиба бо сохтори кафолотдиҳандаи тағйрёбанда ба сифати иловагии ҷавҳардиҳанда ишқорзаминӣ (барий, стронций), камзаминӣ (церий,празеодим, неодим) филизот ва сурма истифодашаванда коркард гардидааст. Хўлаҳо бо патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон №ТJ 712 ( Ғаниев И.Н.) ҳимоя шудааст. Аз хўлаҳои бо роҳи гудозиш коркардшуда метавон ҷузъҳои алоҳидаи автомобил, трактор, мошинҳои кишоварзӣ, насосҳои обкашӣ ва ғайра рехтан мумкин аст.

Нақшаи технологии истеҳсоли полисахаридҳои пектинӣ аз партовҳои гуногуни мевагӣ ва набототӣ бо минбаъд тозакунӣ бо маҳлули гидролизати ултраполоиш коркард карда шуд. Технологияи мазкур патент карда шудааст (патенти Аврупоосиёӣ ЕА 016871, патенти украинӣ UA 70046, UA70047, TJ 197, TJ 290, TJ 563 Муҳидинов З.К., Халиқов Д.Х., Горшкова Р.М., Ҷонмуродов А. И ва ғ.) ва дар коргоҳи озмоишии Институт татбиқ карда шуд ва патенти TJ 197 (Муҳидинов З.К.) дар базаи ИСАС «Шаҳринав» Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.

Фаъолнокии баланди сорбсионии микрогелии пектинӣ аз офтобпараст дар таносуб ба иони сурб ва мис дар қиёс бо ангишти фаъолкардашуда ва полифепан ёфта шуд. Таҳқиқоти фармакологӣ нишон дод, ки иловагии олигосахаридҳои себ дар спирт ба пастшавии мастии алкоголии мушакҳо мусоидат намуда, барқарории тандурустиро метезонад.

Пектини ба сифати иловагии ғизоиро Кумитаи фармакологияи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси маҳсулоти нимтайёр барои пухтани ғизои функсионалӣ (иловагии ғизоӣ) ва воситаи доруворӣ иҷозат додааст.

Дар солҳои 2013-2014 кормандони Институт, ба ҷуз ихтироот ва мутобиқкунонии тарзҳои нав ва технологияи баланд дар истеҳсоли пектинҳои гуногун ва дар асоси онҳо маҳсулоти пешгирикунанда, инчунин таҳқиқоти маркетингӣ дар ин соҳаи истеҳсолот ва маҳсулот гузаронидаанд.

Ғанисозии маҳлули обӣ( болотари 70%) дар намуди гидрогели селлюлозиро Институт ба сифати гидрогеля- маз дар таҳқиқоти ултрасадоӣ пешниҳод намуд. Озмоиши гидрогелҳо нишон дод, ки гидрогели ҳосилнамуда аз рўи хосият ба гидрогели воридотӣ шабоҳат дорад, ки ҳоло дар шифохонаҳои модару-кудаки ш. Душанбе тадбиқ карда шудааст.

Нақшаи технологии азнав коркарди аргеллитҳо, сеолитҳо аз партовҳои саноати алюминӣ ва ашёи хоми маъдании маҳаллӣ ҳосил кардани маъдани криолит- гилхок пешниҳод гардид. Истифодабарии сиаллитҳо ва ақиқи сурхи Тоҷикистон ба ҳайси ашёи хом барои саноати чинӣ ва инчунин зимни истеҳсоли дурдабанд барои тоза кардани обҳои нўшокӣ ва партовҳо коркард гардид.

Технологияи бамаврид гирифтани таллий ҳангоми аз навкоркарди маъданҳои сурмаву симоби кони Ҷиҷикрўд коркард гардидааст. Тарзҳои ҳосилкунии тилло аз маъдани кам таркиб( патенти хурд ТJ592 ва ТJ 693 Самихов Ш.Р., Зинченко З.А.).

Биоҷаббиши сурма ва симоб аз ғаноиши симобу сурма бо тарзи занбурўғӣ таҳқиқшудааст. Озмоишот оид ба омўзиши биоҷаббиши ин филизот нишон дод, ки ҳамаи микроорганизмҳои озмоишшуда симобро то 31.1% ва сурмаро то 60.4% меҷаббанд. Фаъолнокии баланди ҷаббиш занбуруғҳои намуди Acremonium sp.Х-6 и Stachybotrys hartarum И-2 зоҳир намуданд.

Кормандони озмоишгоҳи химияи пайвастагии гетеросиклӣ фаъолона синтез ва омўзиши фаъолнокии биологии ҳосилаи пиримидин ва имидазотиадиазолҳоро мебаранд.Заҳрнокии кам ва фаъолнокии баланди зидди микробии ҳосилаи фтордори ҳосилаи ин гетеросиклҳо имкон медиҳад, ки шаклҳои гуногуни дорувории нави пуртаъсири кимиёи табобатӣ коркард гардад. Мисол, фаъолнокии баланди зиддимикробӣ пайвастагиҳои 2-бром-6-фтор-7-метил-5-оксо-5Н-1,3,4-тиадиазоло [3,2-a]пиримидин и 2-Этиламин-5H-6-парабромфенили-мидазо-[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол зоҳир менамояд (Раҳмонов Р.О., Зоидова М.).

Таркиби кимиёвии партовҳои обӣ- қатронии дар раванди газка-шии ангишт дар маркази гармидиҳии Шарқии ш. Душанбе таҳқиқ гар-дид. Таҳқиқоти мазкур ҷудокунӣ бо роҳи тақтири ҷузъӣ ва рангнигоркунонии (хроматографирования) пайвастагиҳои фардӣ аз партовҳо тибқи газкашии ангиштро дар бар мегирад.

Яке аз усулҳои ояндадор табобати касалии санги талхадон, дар натиҷаи истифодабарии моддаҳои гуногуни органикӣ ва ғайриорганикӣ ба сифати маҳлулкунанда ҳалкунии санг бо тарзи кимиёвӣ мебошад. Дар ин самт кормандони озмоишгоҳи фармакологӣ пайвастагии нави ҳосилнамуда, ҳосилаи трушии талхадон, дар қиёс бо пайвастагии маъмули ин гурўҳ қобилияти зиёдтари ҳалкунии санги холестеринӣ «Урсослит»- ро дорад. (патент хурд ҶТ, № ТJ 662 Қодиров А.Ҳ. ва диг.). Натиҷаҳои таҳқиқоти фармако-биокимиёии «Урсослит» нишон дод, ки таъсири ифодаи холелитикӣ, гипохолестеринемикӣ, гиполипидемикӣ ва гепатопетективӣ зоҳир намуда, ҷамъи таркиби трушии талха фосфолипидҳоро баланд мебардорад ва литогенияти талхаро кам мекунад. Ҳамчунин дастури тайёркардани шароби «Фитосуман», дар асоси маҳсулоти набототи доруворӣ ихтироъ гардидааст (Патенти хурд ҶТ, 643TJ, Қодиров А.Ҳ., Назарова З.Д. ва диг.).

Дар давраи солҳои 2001-2016 ба Институти кимиё сенздаҳ пеш-ниҳод оид ба истифодабарии ихтирооти илмӣ-таҳқиқотӣ дода шуд. Ҳамин тавр, дар Заводи алюминияи Тоҷик тарзҳои ҳосилкунии ферросилитсия ва чўян аз партовҳои истеҳсолот бо самараи умумии иқтисодӣ қариб 1млн.доллари ИМА ҷорӣ карда шуд. Истеҳсоли дурдабанд барои тозакунии об ба роҳ монда шудааст. Дар асоси дар Институти кимиё коркарднамудаи технологияи ҳосилкунии ғаноиши криолит- гилхок аз пасмондаҳои саноати алюминий ва ашёи хоми маъдании маҳаллӣ( сиенитҳои нефелинӣ, сиаллитҳо ва флюорит) Дар заводи алюминии Тоҷик коргоҳ оид ба азнавкоркарди партовҳои ис-теҳсолоти алюмини сохта ба истифода дода шуд.

Намунаҳои пектинӣ дар фабрикаи «Ширин» ш. Душанбе дар вақти тайёр кардани маснуоти желе ва ба ҳайси тасбиткунандаи йогурт дар комбинати ширии Душанбе бомуваффақият озмоишро гузашт. Истифодабарии пектини маҳаллӣ дар ин сурат метавонад пектини содиротиро иваз намояд.

Ихтирооти Институти кимиё оид ба сохтани мембран дар Иттиҳодияи истеҳсолии « Тоҷиктекстилмаш» барои истеҳсоли умумии ҳисобкунакҳои газӣ ва тарзи тозакунӣ ва тасбити шаффофияти ша-роб(вино) бо бентонити маҳаллӣ ва маводи полимерӣ дар АООТ «Душанбе» бо самараи иқтисодии 65 ҳазор сомонӣ ҷорӣ карда шуд.

Ба мақсади рушди технологияи инноватсионӣ (навгонӣ), дар сохтори Институти кимиё дар апрели соли 2015 шуъбаи технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуд, ки Шуъбаи илмҳои физикӣ, риёзӣ, кимиёвӣ, геологии АИ ҶТ ба тасвиб расонидаанд.

Дар соли 2016 ба мақсади ташкили истеҳсолоти хурд ихтирооти мушаххаси зерин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд:

1. Ду Бизнес-план: Лоиҳаи « Истеҳсоли инноватсионии пектин» ва лоиҳаи « Истеҳсоли афшураи мева». Ин ду пешниҳоди тиҷоратӣ ба ҳам алоқаманданд ва дар апрели соли 2015 ба АИ ҶТ, Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ барои гирифтани дастгирии молиявӣ ва ма-блағгузорӣ пешниҳод гардид( беш аз 5,0 млн дол.ИМА).

2. Ташкили истеҳсолоти хўлаҳои зангназананда барои ҳимояи кон-струксияи оҳанӣ дар базаи Корхонаи давлатии истеҳсолоти илмӣ-озмоишии АИ Ҷ Т.

3. Ҷорӣ намудани раванди табхири хлориди тилло ва нуқра аз маъдани сахти кони Тарор ва Чоре.

4. Дар августи соли 2014 созишнома оид ба таъсиси маҳсулоти илмӣ- техникӣ ва истеҳсолӣ бо ҶСК « Парандис» Заводи винобарории Марғедар) ба имзо расонида шуд. Чунин қарордодҳо бо ҶА «Тамохуш»- заводи гидрометаллургии Исфара ва ОАО «Корхонаи ки-миёӣ» ш. Исфара баста шудаанд.

Институт бо Агенти « Тоҷикстандарт» оид ба анҷомдиҳии таҳлилҳои таркиби кимиёвии маводи мутобиқи аккредитатсия пеш-ниҳодгардида ҳамкориро идома медиҳад. Ҳамчунин Институт таҳлилҳои гуногуни новобастаро барои Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд. Кормандони Институт (Пулотов Э.Х., Ҷонмуродов А.С., Маматов Э.Ҷ.) ба ҳайси мумайиз дар санҷишҳои судӣ ва ҷиноӣ ширкат меварзанд.

Барои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон технологияи ғайрифаъолсозии сўзишвории моеъи мушакӣ коркард ва маҷмаъи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳия гардида, пурра истифодаи партовҳои он гузаронида шуд. Кормандони Институт дар ихтирооти махфӣ муштаракан бо заводҳои ҳарбии Вазорати мазкур иштирок менамоянд. Роҷеъ ба ду ихтироот коркард гардида,дархост барои патент дода шудааст.

Дар муддати солҳои 2003-2016 кормандони Институти кимиё 1120 мақолаи илмӣ, 40 рисола интишор намуда 55 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарёфт намуданд.

Дар ин солҳо Институти кимиё 3 конфронси илмӣ- амалии байналмилалӣ ва 12-то ҷумҳуриявӣ доир намуд. Конфронсҳои баргузор намуда, барои ба роҳ мондани робитаи эҷодӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак мусоидат намуданд ва умуман ба сатҳи умумии таҳқиқотҳои дар Институт баргузор намуда, таъсири мусоид расониданд.

Мавзўи асосии ғамхории Институт ва ҳам Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ дар давоми мавҷудияташ тайёр кардани мутахассисони баланд тахассус мебошад. Дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ Институт бо макотиби олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино ҳамкорӣ мекунад.

Дар Институт барои донишҷўёни макотиби олии фавқуззикр лексия, сайёҳат ,машғулиятҳо дар таҷҳизоти муосир гузаронида мешавад. Ҳамин тавр, донишҷуёни филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва Донишгоҳи технологии таҳқиқоти миллии Федератсияи Русия ҳамасола корҳоро оид ба барномаи таҳқиқоти корҳои илмӣ анҷом дода, таҳти роҳбарии кормандони илмии Институт, докторон ва номзадони илм корҳои курсӣ ва дипломиро ҳимоя мекунанд.

Дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар назди Институти кимиё таъсиси ду Шўрои дисертатсионӣ оид ба додани унвони илмии дараҷаи номзади илмҳо(1991-2001) ва доктори илмҳо(2001-2012) нақши арзанда бозидааст. Аз соли 2014 то кунун шўрои доктори Д047.003.02 амал мекунад. Дар ин шўрои илмӣ барои Институти кимиё, макотиби олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2003- 2016 14 нафар доктор ва 134 нафар номзади илмӣ ҳимоя карданд.

Ҳоло дар Институти кимиё 14 доктори илмии асосӣ, 6 доктори илмҳо тибқи қарордод, 20 номзади илмҳои асосӣ ва 4 нафар тибқи қарордоди меҳнатӣ фаъолият мекунанд. Дар Институти кимиё 4 нафар академики АИ Ҷ Т кору фаъолияти илмӣ мекунанд. Нақши асосиро дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ докторантура, аспирантура и магистратураи дар назди Институти кимиё амалкунанда мебозад. Ҳоло дар Институт 23 нафар унвонҷў (аспирант) ва 8 нафар магистр таҳсил мекунанд.

Институт бо кишварҳои хориҷии дуру наздик ҳамкориро идома медиҳад. Таҳқиқотҳои илмии муштарак бо олимони америкоӣ ва аврупоӣ гузаронида мешавад, ки ноилшавӣ ба натиҷаҳои арзанда овард ва дар маҷаллаҳои боэътимоди байналмилалӣ якҷоя мақолаҳо интишор менамоянд.

Ҳамкории Институт бо Марказҳои илмӣ - техникии байналмилалӣ дар асоси озмунӣ дар байни ҳафт кишвари минтақа ба гирифтани 10 лоиҳа ба маблағи 2,5млн.доллари ИМА мусоидат намуд, агарчанде аксарият Кишварҳои Муштаракул Манофеъ ба ин созмон аз лаҳзаи ташкилёбӣ шомил шуда буданд.

Беш аз 10 сол ҳамкории самарабахш байни Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ ва Маркази минтақавии Шарқии Депортаменти Давлатии ИМА оид ба кишоварзӣ дар доираи лоиҳаи шарики М БИТ Т-1419 ва Т-1420 ва лоиҳаи нав МБИТ -2148 идома меёбад ва инчунин тибқи қарордоди 25 июли соли 2014 ба имзо расида, табодули илмӣ ва анҷомдиҳии таҳлилҳо дар таҷҳизоти дақиқияташ баланд ва арзишманд бурда мешавад.

Ҳамкории илмӣ дар доираи созишномаҳои қаблан ба имзо расида байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якқатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Ирон ва Покистон, институти техникии физика ва кимиёи Синсезяни АИ ҶМ Чин ш. Урумчӣ, бо олимони Олмон, Итолиё, Фаронса, Австрия, Туркия ва Руминия дар доираи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва НАТО идома дорад.

Ба ҷуз аз ин, ҳамкорӣ бо Давлатҳои Муштаракул Манофеъ яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти Институт боқӣ мемонад. Бо Марказҳои илмӣ ва ширкатҳои Қазақстан, Институти кимиё ва технологияи кимиёвии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғистан ва Маркази байналмилалии инноватсионии нанотехногияи Давлатҳои Муштаракул Манофеъ дар назди институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроӣ (ш. Дубнаи ФР) таҳқиқоти муштарак бурда мешавад.

Ҳоло олимони Институт тамоми неруи худро бҳри сазовор истиқбол намудани чашни фархундаи таърихи миллат-25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуд истодаанд, то ки саҳмгузори милат бошанд.

(Маводҳо аз таърихи Институт ва ҳисоботҳои солонаи озмоишгоҳҳо оварда шудааст)

Директори Институт, д.и.к., профессор З.К. Мухидинов

ҷонишини. дир. оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.к., профессор В.Д. Абулхаев