ОЗМОИШГОҲИ КИМИЁИ ПАЙВАСТАГИҲОИ КАЛОНМОЛЕКУЛА

Озмоишгоҳи пайвастагиҳои калонмолекула (ПКМ) соли 1998 дар манбаи се озмоишгоҳкимиёи полимерҳои тиббй-биологй (соли 1985 ташкил шудааст, мудир Холиқов Ҷ.Х.), полимерҳои нахҳосилкунанда (соли 1969 ташкил шудааст, мудир доктори илмҳои техникй, профессор И.Я. Калонтаров) ва кимиёи пахтаи маҳиннах (соли 1977 ташкил шудааст, мудир номзади илмҳои техникй Қ.М. Маҳкамов) ташкил шудааст. Мавзўи корҳои илмии тадқиқотии озмоишгоҳи ПКМ ба барномаи давлатии «Дурнамои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015» ва «Барномаи дохилсозии натиҷаҳои дастовардҳои илмй-техникй дар соҳаи саноати Ҷумхурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2015» дохил мегарданд.

ЉУРАБОЙ ХОЛИЌОВИЧ ХОЛИЌОВ

Мудири лабораторияи химияи пайвастагињои калонмолекула, роњбари мавзўи «Маводњои композитсионии полимерї дар асоси ашёњои дуюмини ноботї ва маводњои хўрока», академики АИ ЉТ, доктори илмњои химия, профессор, лауреати мукофоти давлатииЉТ дар соњаи илм ва техникаи ба номи Абуали ибн Сино (1996), ихтироъкори бењтарини Љумњурии  Тољикистон (1997).

Аз тарафи кормандони озмоишгоҳ дар соҳаи ташкили полимерҳои аҳамияти тиббидошта дар асоси мономерҳои этинилпиперидол ва маводи пектинй, саҳми арзандае гузошта шудааст. Тадқиқотҳои масъалаҳои оиди коркарди усулҳои синтези полимерҳои хаттй, шохадор ва туршаклро дар асоси мономерҳои номбаршуда, коркарди асосҳои физикй-кимиёвии ҷудосозй ва тоза намудани маводи пектиниро аз ашёи растанигй, омўхтани сохт, хусусиятҳои физикй-кимиёвй ва комплексҳосилкуниии полимерҳои синтезшуда бо пайвастагиҳои фаъоли биологй, бо тарзи эксперименталй ва клиникй истифодаи онҳоро дар тибби амалй фаро мегиранд. Дар натиҷаи иҷрои корҳо, моддаҳо ва маводе синтез шуданд, ки хусусиятҳои гемостатикй, зиддимикробй ва зиддигепариниро доранд. Барои бартараф намудани билибуринҳо, олигопептидҳои токсинй ва липополисахаридҳои микробй, гемосорбентҳо-гидрогнелҳои бисёр фоиданок ба даст оварда шудаанд. Дар асоси полимерҳои туршакли этинилпиперидол гидрогелҳои стимул-ҳиссй синтез карда шудааанд.

ЗАЙНИДДИН ҚАМАРОВИЧ МУҲИДИНОВ

Сарходими илмй, док.илмҳои кимиё, профессор, Ҷоизадори мукофоти давлатии ҶТ дар соҳаи илм ва техникаи ба номи Абуалй ибни Сино (1996), менеҷери лоиҳаҳои Т-1419, Т-1420.

Якчанд корҳои илмй дар амалия истифода гардидаанд. Истеҳсоли гемо- ва энтросорбенти «ИХАНТ» ба роҳ монда шуд ва иҷозатномаи ВТ ИҶШС-ро барои озмоиши клиникии онҳо гирифта шудааст, ки дар клиникаҳои Москва, Санкт-Петербург, Душанбе ва Хуҷанд гузаронида шудаанд. Озмоиши саноатии технологияи истеҳсоли маводи зидди хунравй ва зидди микробй дар манбаи комбинати коғазупахтаи Глухово (Руссия) гузаронида шуд ва хулосаи мусбии ВНИИМТ ВТ ИҶШС-ро гирифтааст. Иҷозатномаи Кумитаи зоофармасевтии Руссияро барои истифодаи таркиби зиддимикробй гирифта шудааст ва барои табобати касалиҳои меъдаву рўда ва брохопневмонии ҳайвонот дар як қатор хоҷагиҳои ҶТ, Руссия, аз он ҷумла дар корхонаи аспи Москва истифода гардидааст. Иҷозатномаи ВТ ҶТ оиди истифодаи пектини камметил дар тиб гирифта шуд ва дар манбаи ПАПО «Шаҳринав» истифодаи он муназзам гардид. Технологияи бонизоми шаффоф намудани шароб бо истифодаи бентонитҳо ва маводи полимерй дар ҶСШК «Душанбе» ба роҳ монда шуд. Усули ташкилкунии панҷараи вулканизатсионй ва дар асоси он маводи резинадорро дар истеҳсолоти мембранаҳо барои ҳисобкунакҳои газй дар манбаи ТИ «Тоҷиктекстилмаш» ба роҳ монда шуд. Технологияи мўътадил сохтани партовҳои заҳролуд дар самти Вазорати Мудофиаи ҶТ коркард шудааст.

ходими пешбарандаи илмй, н.и.к. Г.Ф. Қосимова

Тадқиқотҳои ҳамроҳи кормандони тиб (Институти радиологияи АИТ ФР, ш. Обнинск ва якчанд кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалй ибни Сино) гузаронидашуда нишон доданд, ки  гемо-ва энтросорбенти «ИХАНТ» метавонад барои профилактика ва табобати чунин касалиҳо ва синдромҳо: эндероэндотоксикозаи бактериявй ҳангоми табобати беморони касалиҳои онкологидошта; аутоинтоксикатсияи организм ҳангоми бемории аъзои ҳозима бо инфексияи табий ва заҳролудшавй; норасогии ҷигару гурда ҳангоми касалиҳои гуногуни этиологи, сиррози ҷигар, энтсефалопатияи токсикй, синдроми фишурдашавии дурудароз; касалиҳои аъзои ҳозима; касалиҳои аллергиявй; нашъамнадй.

Дар солҳои охир дар озмоишгоҳи ПКМ моҳияти таҷзияи протопектини бофтаи растанй васеъ омўхта мешавад. Дар ин самт тадқиқотҳо оиди омўзиши сохт ва хусусияти маводи пектинй, инчунин ташкили  технологияи муосири ба даст овардани пектин аз растаниҳо ва захираҳои дуюмдараҷаи саноатии соҳаҳои консерва ва шир давом доранд.


Ходими пешбарандаи илмй, н.и.к. Ҳ.Ҳ. Авлоев ва ходими илмй  Б.С.Ёрова натиҷаҳои таҳлили хроматографии газй-моеъгиро муҳокима мекунанд.


Муайян намудани вазни молекулавии полимерҳо бо усули эксклюзиониии хроматографии моеъгй, д.и.к., профессор З.Қ. Муҳидинов ва н.и.к. Р.М. Горшкова.

Омўзиши термодинамика ва кинетикаи гидролизи кислотагии ашёи растанигй имконият дод, ки мавҷудият ва ҳолати динамикии маҳсулоти таҷзияи пртопектинй (сохти туршакл, шохагй ва хаттй), ки дар рафти реаксия ҳосил мешаванд, фаҳмида шавад. Натиҷаҳои ба даст омада мушаххас ошкор намуданд, ки чунин нишондодҳои гидролиз, чун рН, қувваи ионй, ҳарорат ва давомнокии реаксия таъсир мерасонанд. Ин на танҳо баромади маводи пектиниро мўътадил менамояд, инчунин имконияти идоракунии чунин нишондодҳои маҳсулоти охирй, ба мисли вазни молекуавй, таркиби моносахаридй ва дараҷаи метоксилии ҳалқаҳои кислотаи галактуронй муҳайё гардад. Дар озмоишгоҳ хроматографияи қобилияташ баланди гелдохилкунанда мавҷуд аст, ки барои муайян намудани вазни молекулавии пектинҳо истифода мегардад.

Бо мақсади омўзиши истифодаи маводи пектинй бо ҳамроҳии Институти гастроэнтерологии АИТ Вазорати Тандурустии ҶТ ва Донишгоҳи тиббии ш Деҳлй (Ҳиндустон) таъсири бофтаҳои пектинй ба сохту таркиби заҳра ва бемориҳои санги заҳра омўхта шуд. Бо ҳамроҳии кафедраи бемориҳои гузарандаи ДДТТ ба номи Абуалй ибни Сино таъсири пектин дар табобати бемориҳои аъзои ҳозима тадқиқ карда шуд. Бо фармасевтҳои як қатор ширкатҳои ИМА (School of Pharmacy, Temple University, Philadelphia, PA 19140, и ERRC ARS US Department of Agriculture, USA) тадқиқот дар соҳаи сохтан ва истифода бурдани микрокапсулаҳо дар асоси пектини камметил барои бурдани маводи доруворй ба аъзои ҳозима рафта истодааст. Технологияи нави истеҳсоли пектин дар асоси ду кори якҷояи озмоишгоҳ ва Маркази илмии Департаменти давлатии ИМА оиди хоҷагии кишоварзй, коркард шуд. Усулҳои иҷрогардида соҳиби патентҳои (TJ 197 (1998) и TJ 290 (2009)) гардиданд.


Ходими пешбарандаи илмй , корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон (1986), н.и.т. Қ.М. Маҳкамов, муд.гур.оиди амалисозй, менељери лоиҳаи «Дубна», ход.пешбар.илмй, н.и.к. Р.М. Горшкова, ход. пешбар.илмй, н.и.к. С.Холиқова.

Дар солҳои охир дар асоси маводи пектинй як қатор композисияҳо коркард шуданд, ки фоидаи калон доранд –доруи нав – омехтаи табобатй-профилактикии «ДЕТОКСИКАНТ», композисияи гидрогелй барои ченкунакҳои ултрасадой ва бандакҳои ҷаббишй мебошад.   Маҳсулоти коркардшуда дар таваллудхонаи 3 ш. Душанбе мавриди истифода қарор гирифт. Усулҳои ҷудо сохтани маводи сафедадорро аз партовҳои пахта - албуминҳо, глобулинҳо ва глиадинҳо; аз орди ҷуворимакка ҷудо намудани сафедаҳо - зеинҳо ва аз зардоби шир - β-лактоглобулин коркард шуданд. Бо усули электрофорези капиллярй ва амудй онҳо тақсимбандй шуданд ва маълумотҳои зарурй ба даст оварда шуданд. Озмоишҳои in vivo бо мушҳои озмоишй гузаронида шуда, микрокапсулаҳои нав, ки аз пектинҳои гуногун ва лактоглобулинҳои зардоби шир сохта шудаанд, тадқиқ карда шуданд ва онҳо чун системаи барандаи дорувории дер таъсиркунанда муаррифй мешаванд.

Дар озмоишгоҳи кимиёи ПКМ корҳо барои омўзиши муҳимияти сохт ва хусусиятҳои бофтаҳои навъи пахтаи миёнанах ва маҳиннах ва коркарди маҳсулоти дуюмдараҷа аз ашёи хоми пахта ва маводи селлюлозадор гузаронида мешаванд.  Дар асоси сополимерҳои мутобиқи синтезшудаи селлюлоза бо мономерҳои винилй маводи наве ба даст оварда шуданд, ки хусусияти ба ҳарорат, ба равшанй ва ба об тобовар, бактериякуш, возеҳияти рентгенй ва сорбсиякунонии металҳои нодирро доранд.


Унвонҷў Ҷ. Бобокалонов таҳлили сафедаҳоро бо усули электрофорези капиллярй мегузаронад.

Дар асоси карбоксиметилселлюлоза ва зеин, композисияи гидрогелй дар об вараманда ва ҳалшаванда, инчунин ба рН ҳассос ба даст оварда шуданд, ки дорои хусусияти ҷойгиркунонии маводи доругй ва вобаста аз муҳити аъзои ҳозимаи организм, баромади доруворй идора карда мешавад.

Маҳлули обии ғанигардонидашудаи карбоксиметилселлюлоза (6-7%) дар намуди гидрогел-маз дар тадқиқотҳои абдоминалй (ултрасадой) дар маркази Эндокринологии Душанбегии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишон доданд, ки  гидрогел-маз дар асоси карбоксиметилселлюлоза бо хусусиятҳояш аз гидрогелҳои аз хориҷа воридшаванда, ки ҳоло дар клиникаҳои ҷумхуриявй истифода мешаванд, ҳеҷ камбудие надорад.

Озмоишгоҳи кимиёи ПКМ бо ташкилотҳои илмии хориҷй фаъолона хамкорй менамояд ва дар лоиҳаҳои байналхалқй иштирок менамояд. Муддати солҳои 1991 - 2011 дар озмоишгоҳ номзадии 2 докторй ва зиёда аз 20 рисолаҳои номзадй ҳифз гардида, зиёда аз 200 мақолаҳои илмй ва маводи конфронсй чоп шудаанд.